Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона 19 апрел оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона 19 апрел оғоз мешавад

Рӯзи 14 феврал дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакшии тақвими бозиҳои чемпионати мамлакат байни дастаҳои футболи занонаи мамлакат баргузор гашт.

Мисли соли гузашта дар чемпионати имсола ҳам 10 даста ширкат меварзад. Дар мусобиқа, ки 19 апрел оғоз меёбад дастаҳои «Зебонисо» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), «Барқ» (Норак), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ).

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона дар ду қисм баргузор шуда, ҳар даста дар ин мавсим 18 бозӣ мегузаронад. Мувофиқи натиҷаи қуръакашӣ дар даври аввали чемпионат «Зебонисо» – «Хатлон», «Бешкент» – «Ҳосилот», «Панҷшер» – «Чашма», «Регар-ТадАЗ» – «Зебо» ва «Равшан» – «Барқ» вомехӯранд.

Барои иштирок дар чемпионат ҳамаи дастаҳо аз ҷониби ФФТ бо сару либоси варзишӣ, либосҳои бозикунӣ, тӯб, пойафзол ва дигар ашёҳои лозимии варзишӣ таъмин карда шуданд. Инчунин, Федератсия маблағи ҳақи хизмати ҳайати доварону нозиронро дар бозиҳои хонагӣ ва роҳкирои омадурафти дастаҳоро дар бозиҳои сафарӣ пардохт мекунад. Ёдрас мешавем, ки чемпиони феълии Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дастаи футболи занонаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар мебошад.

 

Чемпионати Тоҷикистон-2020 байни дастаҳои футболи занона

Даври 1-ум

19 апрел (якшанбе)

«Зебонисо» – «Хатлон»

«Бешкент» – «Ҳосилот»

«Панҷшер» – «Чашма»

«Регар-ТадАЗ» – «Зебо»

«Равшан» – «Барқ»

 

Даври 2-юм

26 апрел (якшанбе)

«Хатлон» – «Барқ»

«Зебо» – «Равшан»

«Чашма» – «Регар-ТадАЗ»

«Ҳосилот» – «Панҷшер»

«Зебонисо» – «Бешкент»

Назари худро бинависед