Чемпионати Тоҷикистон-2023: «Хуҷанд» ва «Истиқлол» дар даври аввал вомехӯранд – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон-2023: «Хуҷанд» ва «Истиқлол» дар даври аввал вомехӯранд

Имрӯз, 24 феврал дар толори «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии тақвими бозиҳои 1XBet-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими соли 2023 баргузор шуд.

Дар 32-юмин чемпионати Тоҷикистон даҳ бошгоҳ – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Хатлон» (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Куктош» (Рӯдакӣ) ширкат мекунад.

Мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон 1 апрел оғоз шуда, мисли соли гузашта дар ду марҳила роҳандозӣ мегардад. Дар марҳилаи аввал – даҳ даста дар ду давра бозӣ мекунад. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал бадастоварда нигоҳ дошта мешаванд. Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ бошгоҳи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, барои зинаҳои аз 1 то 5-ум мубориза мебарад. Панҷ дастаи боқимонда дар як давр дар гурӯҳи «Б» барои боқӣ мондан дар лигаи олӣ нерӯ месанҷанд ва ду дастаи поёнӣ ба лигаи якум меравад. Дар маҷмуъ ҳар як даста дар чемпионати Тоҷикистон-2023 22 бозигӣ анҷом медиҳад.

Маросими қуръакашии тақвими бозиҳои қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 бо ширкати меҳмонони сершумор дар фазои идона баргузор шуд. Ин дафъа бо даъвати Лигаи футболи Тоҷикистон қуръакаширо бозигарони маъруфи тими миллии кишвар Хуршед Маҳмудов ва Искандар Ҷалилов анҷом доданд.

 

Дар рафти қуръакашӣ Хуршед Маҳмудов ва Искандар Ҷалилов тартиби дастаҳоро муайян карданд. Дар натиҷа, бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон рақамҳои зеринро гирифтанд:

1. «Хуҷанд»

2. «Регар-ТадАЗ»

3. «Эсхата»

4. «Равшан»

5. «Ҳосилот»

6. Файзканд

7. «Куктош»

8. КМВА

9. «Хатлон»

10. «Истиқлол»

 

Тибқи системаи Бергер дар даври аввали 1XBet-чемпионати Тоҷикистон-2023 бозиҳо ба чунин тартиб баргузор мешаванд.

«Хуҷанд» – «Истиқлол»

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

«Эсхата» – КМВА

«Равшан» – «Куктош»

«Ҳосилот» – «Файзканд»

 

Тақвими пурраи чемпионати Тоҷикистон бо истифода аз ҷадвали шатранҷбоз ва олими маъруфи Австрия Бергер тартиб дода мешавад.

Назари худро бинависед