Федератсияи футболи Тоҷикистон барои аз нав шурӯъ кардани мавсими имсолаи футбол ба тавофуқ расид. Чемпионат бо бозиҳои даври панҷум рӯзи сешанбе оянда, 16 июн, дубора оғоз меёбад. Бо мақсади эҳтиёт ва пешгирӣ аз бемории короновирус, бозиҳои мусобиқа бе тамошобин баргузор мешаванд.
Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи лигаи олӣ, ки охири моҳи апрел муваққатан бар асари хуруҷи пандемияи короновирус манъ карда шуд, рӯзи сешанбеи 16 июн аз нав оғоз хоҳад ёфт. Ҳамзамон Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки шумораи қисмҳои мусобиқаро аз се ба ду кам кунад. Ҳамин тариқ, дастаҳо дар чемпионати имсола ҳар яке 18 бозӣ анҷом медиҳанд. Ҳангоми таваққуф дар чемпионат, ки дар охири моҳи апрел рух дод, клубҳо 4 давр бозӣ карданд ва дар он «Истиқлол» -и Душанбе ва «Бохтари» -и Хатлон бо 10 имтиёзӣ, дар ҷадвали мусобиқа пешсафанд.
Ёдовар мешавем, ки клубҳои Лигаи олии Тоҷикистон аз 1 июн ба тамрин оғоз намуданд. Пас аз эҳёи мавсим, бозиҳои чемпионати Тоҷикистон дар майдонҳои пӯшида – бидуни мухлисон баргузор мешаванд.