Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Маркази техникии ФФТ ҷамъомади тамринӣ мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Маркази техникии ФФТ ҷамъомади тамринӣ мегузаронад

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) нахустин дастае гардид, ки омодагиро дар Маркази техникии нави Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки чанде пеш дар Варзоб мавриди истифода қарор гирифт, оғоз намуд.

Сармураббии тими ҷавонони Тоҷикистон Рустам Хоҷаев барои иштирок дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ 28 футболбозро даъват кардааст. Даста дар доираи омодагӣ ба бозиҳои даври интихобии Ҷоми Осиё-2027 машқҳои ҳадафманд анҷом медиҳад.

Бозиҳои даври интихобӣ аз 31 август то 6 сентябр дар Баҳрайн баргузор мешаванд. Ҳарифони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» тимҳои Баҳрайн (31 август), Афғонистон (3 сентябр) ва Урдун (6 сентябр) мебошанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва инчунин ҳафт дастаи беҳтарине, ки ҷойи дуюмро соҳиб мешаванд, роҳхати марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027-ро ба даст меоранд.

Ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Маркази техникии ФФТ дар Варзоб марҳилаи муҳими омодагии даста ба бозиҳои расмии дарпешистода ба шумор меравад.

Назари худро бинависед