Бозии Ҷоми КФО-2020 байни «Серес Негрос» – «Бали Юнайтед»-ро доварони Тоҷикистон ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии Ҷоми КФО-2020 байни «Серес Негрос» – «Бали Юнайтед»-ро доварони Тоҷикистон ҳакамӣ мекунанд

Бозии байни дастаҳои «Серес Негрос» (Филиппин) ва «Бали Юнайтед» (Индонезия)-ро дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар гурӯҳи «G» ҳайати доварон аз Тоҷикистон хизматрасонӣ мекунанд.

Ин бозӣ рӯзи 11 март дар Манилои Филипин доир мешавад. Сардовари бозӣ рефери ФИФА Гулмуроди Саъдуллои душанбегӣ таъин шудааст. Ӯро дар канори майдон ёварони рефери ФИФА Ҳасан Каримов аз Норак ва Хусрави Сиддиқзод аз Душанбе кӯмак мекунанд.

Назари худро бинависед