Биёед якҷо мунтахаби Тоҷикистонро дар бозӣ бо Арабистони Саудӣ дастгирӣ кунем! – Федерация Футбола Таджикистана

Биёед якҷо мунтахаби Тоҷикистонро дар бозӣ бо Арабистони Саудӣ дастгирӣ кунем!

26-уми март мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозии чаҳоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими миллии Арабистони Саудӣ, ки онро мутахассиси итолиёвӣ Роберто Манчини роҳбарӣ менамояд, бозӣ мекунад.

Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад. Нархи чипта аз 30 сомонӣ оғоз мегардад.

Аз тамоми мухлисон даъват менамоем, ки ба варзишгоҳ омада, дар чунин бозии муҳим дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ҳаводорӣ кунанд. Футболбозон ба дастгирии шумо ниёз доранд! Биёед тими миллииамонро якҷоя дастгирӣ кунем!!!

Назари худро бинависед