Ба бозигарон, мураббиён, ҳайати маъмурӣ ва роҳбарикунандаи бошгоҳи футболи «Хуҷанд» медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2021 супорида шуд.
Маросими супоридани ҷоизаҳо рӯзи 28 декабр дар маҷмааи “Кохи Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.
Медалҳоро ба футболбозони дастаи соҳили Сирдарё раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов супурданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-ро бо медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон ва ҳамчунин ба гирифтани Ҷоми Тоҷикистон табрик гуфта, ба даста дар мавсими нави футбол комёбӣ таманно намуд.
Ба ҷуз аз ҳайати асосӣ, захирачиёни «Хуҷанд», ки имсол ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Тоҷикистон гардиданд, мукофотонида шуданд.