Ангораи рақобатҳои Лигаи футболи Тоҷикистон барои мавсими нав муайян шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ангораи рақобатҳои Лигаи футболи Тоҷикистон барои мавсими нав муайян шуд

Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 6 январ, нахустин нишасти Кумитаи баргузории рақобатҳои ФФТ дар соли нав баргузор шуд, ки дар он тарҳи гузаронидани мусобиқаҳои Лигаи футболи кишвар баррасӣ шуданд.

 

БОЗӢ БАРОИ ПАРИМАТЧ – СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2021 
Кумитаи рақобатҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ҷамъ омад, санаи баргузории бозиро барои Париматч – Суперҷоми кишвар дар мавсими нав тавсия дод.

Қарор аст, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2021 байни қаҳрамони феълии кишвар, “Истиқлол”-и Душанбе ва барандаи Ҷоми миллӣ, “Равшан” -и Кӯлоб рӯзи 1 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шавад.

 

ҶОМИ ЛИГАИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН-2021

Кумитаи рақобати ФФТ санаи баргузории Ҷоми Лигаи Футболи Тоҷикистон-2021-ро тасдиқ кард.

Мусобиқаи пеш аз мавсимӣ бо иштироки даҳ дастаи лигаи олии кишвар, ки ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шудааст, аз 9 то 22 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор мешавад. Тамоми хароҷоти марбут ба Ҷоми Лига (ҷои истиқомат ва хӯроки дастаҳо дар осоишгоҳи Баҳористон ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар Гулистон, иҷораи варзишгоҳҳо ва толорҳо, ҳаққи хизмати ҳайати хизматрасони бозиҳо) аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон пардохт мешавад.

 

ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН-2021
Ғайр аз ин, дар ҷаласаи имрӯзаи Кумита анг ораи ҷашнии қаҳрамонии сиюм байни дастаҳои лигаи олӣ тасдиқ карда шуд.

Бо пешниҳоди Кумита қаҳрамонии ҷашнии Тоҷикистон, ки дар он даҳ даста иштирок мекунад, дар се давр баргузор мешавад. Санаи пешакии оғози чемпионат 3 апрел нақшагузорӣ шудаст. Дар чемпионати 30-юми кишвар 10 даста – “Истиқлол” (Душанбе), “Хуҷанд” (Хуҷанд), КМВА (Душанбе), “Кӯктош” (Рӯдакӣ), “Хатлон” (Бохтар), “Душанбе-83” (Душанбе), “Файзканд” (Восеъ),“Истаравшан” (Истаравшан),“Равшан” (Кӯлоб) ва “Эсхата”(Хуҷанд) .

Дар ҷаласаи Кумитаи рақобатҳои ФФТ дар бораи тағйири ном кардан ва ивазшавии баъзе аз дигар нишонҳои мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон қарор қабул шуд. Лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон дар мавсими нав номҳои навро хоҳанд гирифт, ки баъдтар тасдиқ карда мешаванд.

 

БОЗИИ НИҲОИИ ПАРИМАТЧ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2021

Баргузории бозии ниҳоии Париматч – Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими соли 2021, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” -и шаҳри Хуҷанд нақшагузорӣ шуд. Ин тасмимро Кумитаи рақобати Федератсияи футболи Тоҷикистон ба миён гузошт. Бори охир бозии ниҳоии Ҷоми Миллӣ дар Хуҷанд нӯҳ сол пеш, соли 2012 баргузор шуда буд.

Tибқи қарори Кумита, бозиҳои даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат буда, аз марҳилаи 1/8 ниҳоӣ шурӯъ шуда, дастаҳо дар майдони худ ва дар майдони ҳариф вомехӯранд, яъне аз марҳилаи 1\8 ниҳоӣ ғолиб аз рӯи натиҷаи ду бозӣ муайн шуда, ба даври навбатӣ роҳ меёбад. Оғози мусобиқа барои Париматч – Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро Лигаи футболи Тоҷикистон санаи 6 май ба нақша гирифтаст.

 

ЛИГАИ ЯКУМИ ТОҶИКИСТОН-2021

Инчунин, дар нишасти Кумитаи рақобатҳои ФФТ тарзи гузаронидани мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Бо қарори Кумита, лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсим-2021 дар ду давр баргузор мешавад. Шумораи дақиқи дастаҳо аз рӯи натиҷаи иҷозатномадиҳӣ муайян карда мешавад. Тахминан, мавсими нав дар лигаи якум аз санаи 22 апрел оғоз меёбад.

Ду дастаи ҷойҳои аввали лигаи якуми Тоҷикистон-2021 ҳуқуқи дар мавсими футболи соли 2022 дар лигаи олии кишвар бозӣ карданро соҳиб мешаванд.

Қобили қайд аст, ки ҳама қарорҳои Кумитаи рақобатҳои ФФТ бояд дар нишасти Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

Назари худро бинависед