Ноибқаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи футболи «Хуҷанд» дар бозии якуми худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «F» бар тими «Копетдаг»-и Туркманистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дубли Далер Ёдгоров ва голи Тоҳир Малодӯстов ба бошгоҳи мо се имтиёз оварданд.
Ҳамакнун дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 рӯзи 30-юми июн тими «Хуҷанд» бо қаҳрамони чандкаратаи Қирғизистон дастаи «Дордой» бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Бояд қайд кард, ки танҳо ғолиби гурӯҳ ба даври навбатии Ҷоми Осиё роҳ меёбад.
Ҷоми КФО-2022
Гурӯҳи «F». Даври 1
«Копетдаг» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – 1:3
Голҳо: Далер Ёдгоров, 3 (0:1). Далер Ёдгоров, 7 (0:2). Бегенч Акмамедов, 58 (1:2). Тоҳир Малодӯстов, 85 (1:3).
«Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон): Шоҳрух Кирғизбоев, Наимҷон Иброҳимзода, Фирдавс Абдусалимов, Фирдавс Чақалов (Алишер Баротов, 63), Самандар Очилов, Эҳсон Бобоев (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 90+2), Андрей Левковетс (Ҳоҷибой Зиёев, 83), Сергей Сканян (Сорбон Авғонов, 63), Далер Ёдгоров, Кароматулло Саидов (Тоҳир Малодӯстов, 63), Ҷаҳонгир Эргашев.
Беҳтарин бозигари бозӣ: Далер Ёдгоров («Хуҷанд»).
24 июн. Бишкек. Варзишгоҳи Долон Омурзоқов. 251 тамошобин.