Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои тамринҳои дастаҷамъӣ дар АМА – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои тамринҳои дастаҷамъӣ дар АМА

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати тими миллиро, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 омода мешавад, эълон кард.

Ба Ҷоми Осиё-2023 27 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар омодагӣ мебинанд.

Дастаи мунтахаби мо омодагиро ба чемпионати Осиё 16 декабр оғоз мекунад. Нахустин ҷамъомади тамринии даста аз 16 то 27 декабр дар Дубай баргузор мешавад. Сипас, тими миллии Тоҷикистон дар Абу-Даби аз 28 декабр то 7 январ ҷамъомади дуюми тамринии худро доир менамояд. 8 январ футболбозони мо ба Қатар мераванд.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) рақобат менамояд.

 

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои ҷамъомади таълимиву тамринии пеш аз Ҷоми Осиё-2023 дар Амороти Муттаҳидаи Араб:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан»), Далер Имомназаров («Эсхата»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Ӯзбекистон), Комрон Турсунов («Гокулам Керала», Ҳиндустон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Бӯризод (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА), Алишер Шукуров («Куктош»);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Ӯзбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Назари худро бинависед