Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо тими миллии Сингапур – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо тими миллии Сингапур

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати тими миллиро барои бозии дӯстона бо яккачини футболи Сингапур, ки рӯзи 8-уми сентябр баргузор мешавад, эълон кард.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 19 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд. Дар робита ба ширкати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 6-ум то 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, як қатор бозигарон ба тими миллӣ даъват нашуданд.

Илова бар ин, ба далели омодагии қаҳрамони Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» ба бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 бо тими «Ал-Дуҳайл»-и Қатар, чанд бозигари ин бошгоҳ дар бозии дӯстонаи дар пешистодаи мунтахаби Тоҷикистон ширкат намекунад.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 4 сентябр тариқи транзити Истанбул озими Сингапур мешавад. Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Сингапуру Тоҷикистон 8 сентябр дар Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

 

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо тими миллии Сингапур: 

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров («Хатлон»), Далер Баротов (Истаравшан); 

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Табрез Исломов («Истиқлол»), Далер Имомназаров («Эсхата»), Холмурод Назаров, Муҳаммадҷон Насков (ҳарду аз «Равшан»); 

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Ӯзбекистон), Комрон Турсунов («Гокулам Керала», Ҳиндустон), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Вайсиддин Сафаров (КМВА), Абубакр Сулаймонов («Барқчӣ»); 

Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров («Равшан»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»), Масрур Ғафуров («Барқчӣ»). 

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

 

🤝 Бозии дӯстона

📅 8 сентябр (ҷумъа)

️ Оғоз соати 16:30 ба вақти Душанбе

🇸🇬 Сингапур – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Сингапур, Варзишгоҳи «Бишан»

Назари худро бинависед