Ҳайати хизматрасони бозиҳои якуми Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 тасдиқ шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати хизматрасони бозиҳои якуми Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 тасдиқ шуданд

Ҳайати доварон, нозирон ва комиссарони бозизҳои якуми ниманиҳоии  Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 тасдиқ шуданд. Вохӯриҳои мазкур рӯзҳои шанбе ва якшанбеи 6-7 ноябр баргузор хоҳанд шуд.

Рӯзи шанбеи 6-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе “Истиқлол” бо “Эсхата”-и Хуҷанд вомехӯрад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ рӯзи якшанбеи 7-уми ноябр “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо “Равшан”-и Кӯлоб вориди рақобат мешаванд. Ин бозӣ соати 14:30 дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

 

Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021

Бозиҳои якуми ниманиҳоӣ

6 ноябр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:30

«Истиқлол» – «Эсхата»

СардоварРустам Нурматов (Душанбе).

ЁваронХолмурод Абдусаломов, Ғайрат Рӯзибоев (ҳарду аз Шаҳринав).

Довари захираАбдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доваронСафармаҳмад Шоймардонов (Хуросон).

Комиссари бозӣСубҳон Шодиев (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

7 ноябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:30

«Хуҷанд» – «Равшан»

СардоварНасим Ҳамидов (Душанбе).

ЁваронҶӯрабек Содиқов (Варзоб), Комил Раҳмонов (Ҷайҳун).

Довари захираАмирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири доваронОриф Ҷӯраев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Асрор Шораҷабов (Истаравшан).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Назари худро бинависед