Қабули дархост барои дарёфти иҷозатномаи агенти футбол – Федерация Футбола Таджикистана

Қабули дархост барои дарёфти иҷозатномаи агенти футбол

Марҳилаи бақайдгирӣ барои ширкат дар имтиҳони агенти футболи ФИФА, ки 22 май баргузор мешавад, ҷараён дорад. Ариза то 31 март кабул карда мешавад.

Барои пешниҳоди ариза, шумо бояд ба платформаи агентҳои ФИФА https://agents.fifa.com/home ворид шавед ва дастурҳоро иҷро кунед.

Номзадҳое, ки барои супоридани имтиҳон дар платформаи агентҳои ФИФА дар давраи бақайдгирии муқарраршуда муроҷиат мекунанд, ҳуқуқи имтиҳонсупорӣ доранд.

Маълумоти муфассалро дар бораи литсензиякунонии агентҳои футбол дар ин пайванд пайдо кардан мумкин аст https://www.fifa.com/legal/football-regulatory/agents

Агар саволи иловагӣ дошта бошед, ба рақамҳои телефонии (+992) 550-555-055 (Ҷаҳонгир Мирзоев) муроҷиат намоед.

Назари худро бинависед