Барономаи даври ёздаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон рӯзи 25 май бо баргузории бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд анҷом ёфт.
Бозӣ, шоми панҷшанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор шуда, бо ҳисоби калони 3:0 ба фоидаи дружинаи Муҳсин Муҳаммадиев анҷом ёфт.
Ҳисобро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи 10-ум боз кард. Дмитрий Барков, легионери русиягии “Истиқлол”, дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 49-ум, голи дувумро ба ҳадаф расонд. Баъди даҳ дақиқа бошад тӯби задаи Ромиш Ҷалилов ноогоҳона ба пои ҳимоятгари “Хуҷанд” Соҳибҷон Ҳакимов бархӯрда вориди дарвозаи дастаи худашон шуд.
Бояд гуфт, ки дар дақиқаҳои охири бозӣ нимҳимоятгари “Истиқлол” Нуриддин Давронов сахт лат хӯрд дигар бозиро идома дода натавонист.
“Истиқлол” пас аз ин пирӯзӣ мавқеи пешсафиашро бо 23 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа боз ҳам мустаҳкам кард. ССКА “Помир” бо 20 имтиёз дар зинаи дувум ва «Хуҷанд» бо 17 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.
Ҳамакнун ҳаминро бояд қайд кунем, дар бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон бинобар баргузории бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ва бозии мунтахаби миллӣ муқобили Филиппин дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки 13 июн дар Душанбе барпо мегардад, танаффуси якмоҳа эълон шудааст.
Бозиҳои даври дувоздаҳуми мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон рӯзҳои 17-18 июн баргузор мешаванд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 11-ум
«Истиқлол» – «Хуҷанд» – 3:0
Голҳо: Ромиш Ҷалилов, 10 (1:0). Дмитрий Барков, 49 (2:0). Соҳибҷон Ҳакимов, 59 – ба дарвозаи худ (3:0)
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Фарҳод Восиев, Соҳиб Саванқулов, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Фаридун Шарифов (Нуриддин Давронов, 60), Эҳсони Панҷшанбе, Ҷаҳонгир Алиев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 60), Ромиш Ҷалилов, Дилшод Восиев, Дмитрий Барков (Манучеҳр Ҷалилов, 60).
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Манучеҳр Аҳмадов, Далерҷон Тухтасунов, Соҳибҷон Ҳакимов, Руслан Раҳматов, Фарҳод Тоҳиров (Рустам Домлоҷонов, 65), Эҳсон Бобоев, Ҳоҷибой Зиёев, Шоҳрух Раҷабматов (Шероз Абдуллоев, 70), Давронҷон Тухтасунов (Мубинҷон Муъминов, 65), Дилшод Бозоров.
Огоҳонида шуданд: Табрези Давлатмир, Манучеҳр Ҷалилов, Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Рустам Домлоҷонов («Хуҷанд).
Аз майдон хориҷ шуд: Далерҷон Тухтасунов («Хуҷанд»), 76 – корти 2-юми зард.
Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Дшанбе).
25 май. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.
Б | Ғ | М | Б | Т | И | ||
1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 9 | 7 | 2 | 0 | 26-4 | 23 |
2 | ССКА «Помир» (Душанбе) | 11 | 5 | 5 | 1 | 9-3 | 20 |
3 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 11 | 5 | 2 | 4 | 17-11 | 17 |
4 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 11 | 3 | 4 | 4 | 7-11 | 13 |
5 | «Ҳосилот» (Фархор) | 11 | 3 | 3 | 5 | 10-19 | 12 |
6 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 10 | 2 | 4 | 4 | 4-7 | 10 |
7 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 11 | 2 | 4 | 5 | 6-14 | 10 |
8 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 10 | 2 | 2 | 6 | 7-17 | 8 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 5 гол, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Дмитрий Барков (“Истиқлол”) – 4-тӯбӣ.
Даври 12-ум:
17 июн (шанбе)
«Ҳосилот» – «Барқчӣ»
«Панҷшер» – «Вахш»
18 июн (якшанбе)
«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»
«Хуҷанд» – ССКА «Помир»
Оғози бозиҳо – соати 18:00