“Панҷшер” дар садри ҷадвали лигаи якуми Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

“Панҷшер” дар садри ҷадвали лигаи якуми Тоҷикистон

Рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафтаи гузашта бозиҳои даври ҳафтуми сабқати Лигаи якуми Тоҷикистон баргузор шуданд. “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар майдони худ бар МТО-и Хуҷанд бо ҳисоби бузурги 4 бар 1 пирӯз шуд. Баъди ин ғалаба дастаи ноҳияи Румӣ  бо 15 иимтиёз ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқа баромад. Дар бозиҳои лигаи якуми Тоҷикистон низ танаффуси тобистона эълон шуд.

 

Лигаи якуми ТоҷикистонДаври 7-ум

«Зарафшон» – «Локомотив» – 1:1

«Панҷшер» – МТО – 4:1

«Кӯктош» – «Эсхата» – 3:3

«Чашма» – «Ҳосилот» – 3:0

«Ҳулбук» – «Канд» – 2:1

Бозии байни «Помир» – «Саройкамар» ба санаи 2 сентябр гузаронида шуд

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Панҷшер» (Румӣ) 7 4 3 0 14-5 15
2 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 7 4 2 1 18-7 14
3 «Ҳулбук» (Восе) 6 4 2 0 7-3 14
4 «Саройкамар» (Панҷ) 5 4 0 1 12-2 12
5 «Исфара» (Исфара) 6 4 0 2 11-8 12
6 «Эсхата» (Хуҷанд) 6 3 2 1 20-10 11
7 «Ҳосилот» (Фархор) 7 3 1 3 9-11 10
8 «Чашма» (Шаҳритӯс) 6 3 0 3 14-8 9
9 «Помир» (Душанбе) 5 2 0 3 5-9 6
10 «Локомотив» (Душанбе) 7 1 1 5 6-18 4
11 МТО (Хуҷанд) 5 1 0 4 6-20 3
12 «Канд» (Канибодом) 7 1 0 6 4-19 3
13 «Зарафшон» (Панҷакент) 6 0 1 5 4-10 1

Нишонзанҳо: Фирдавс ЗАЙНУЛЛОЗОДА («Чашма») – 9 гол, Ҳусейнхон ҶАЛОЛОВ («Эсхата»), Абдухалил БОРОНОВ («Панҷшер») – 7 голӣАдҳамҷон АБДУЛЛОЕВ («Кӯктош») – 6 гол.

 

Даври 8-уми мусобиқа рӯзҳои 1-2 август баргузор мешавад:

1 август (шанбе)

Оғоз соати 18:00

«Эсхата» – «Чашма»

2 август (якшанбе)

Оғоз соати 18:00

«Локомотив» – «Ҳулбук»

«Ҳосилот» – «Зарафшон»

МТО – «Кӯктош»

«Саройкамар» – «Панҷшер»

«Исфара» – «Помир»

Добавить комментарий