Намояндаи Конфедератсияи футболи Осиё доктор Шамил Камил Муҳаммад Ал-Ҷадҷанӣ, ки имрӯзҳо бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, аз рафти омодагии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати ташкилу баргузории Фестивали байналмилалии футболии Конфедератсияи футболи Осиё барои дастаҳои мунтахаби наврасони зери 14-солаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии КФО бо иштироки дастаҳои мунтахаби зери 14-сола аз 14 то 27 май дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор баргузор мешавад. Дар баробари мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ин Фестивал мунтахабҳои наврасони Эрон, Покистон, Узбекистон, Туркманистон, Афғонистон, Чин ва дигар кишварҳо ширкат мекунанд.
«Ин дуюмин сафари ман ба Тоҷикистон аст, – мегӯяд дастурдиҳандаи КФО доктор Шамил Камил. – Душанбе бисёр шаҳри зебо аст. Нисбати бори аввал дар ин ҷо буданам тағийротҳои чашмрас рух доданд. Бори аввал дар бозии мунтахабҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба сифати комиссар ба Душанбе омадам. Ин бор бошад, мақсади сафари ман санҷиши ҳолати варзишгоҳҳо ва меҳмонхонаҳо барои гузаронидани Фестивали байналмилалии КФО мебошад. Дирӯз аз Академияи футболи «Истиқлол» дидан намудам. Шароитҳои Академия маро ба ҳайрат оварданд. Он ҷо тамоми шароитҳо муҳайё шудаанд. Ҳам ошхона, ҳам майдони футболбозӣ, ҳам маҷмааи барқароркунӣ ва ҳам толорҳои тамринӣ. Умуман, тамоми шароитҳо дар дараҷаи аъло мебошанд!
Дар Фестивали КФО, ки дар кишвари шумо баргузор мешавад, иштироки 10 мунтахаби наврасон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба нақша гирифта шудааст. Мо қарор кардем, ки иштирокчиёнро ба ду гурӯҳ ҷудо намуда, як гурӯҳро дар Душанбе ва гурӯҳи дигарро дар Академияи «Истиқлол» ҷойгир кунем. Мутобиқи низомномаи Фестивал 10 даста ба ду гурӯҳи 5 дастагӣ ҷудо карда мешаванд. Бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як давра гузаронида мешаванд. Ҳамагӣ 20 бозӣ доир мегардад.
Ба ғайр аз бозиҳо бо иштироки футболбозони наврас дар ин ҷо курс барои доварони ҷавоне, ки нав кори довариро оғоз мекунанд гузаронида мешавад. Аз ҳар як давлати иштирокчӣ ду нафар довари ҷавон ба Тоҷикистон меояд. Дар курс 20 нафар доварони ҷавон иштирок хоҳанд кард. Курси доварон аз машғулиятҳои амалию назариявӣ иборат аст.
Мақсади баргузории Фестивали мо, ба бачаҳо омӯзонидани таҷрибаи бозигарӣ аст. Ман боварӣ дорам, ки Тоҷикистон ин Фестивали КФО-ро дар сатҳи баланди омодагӣ мегузаронад», – қайд намуд, дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё.