Ғалабаи мунтахаби миллӣ дар бозии санҷишӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи мунтахаби миллӣ дар бозии санҷишӣ

Дар арафаи бозии даври чоруми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 бо мунтахаби Австралия, дружинаи Мубин Эргашев бо мунтахаби клубҳои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон бозии санҷишӣ гузаронд. Бозӣ рӯзи 1 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардида, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба фоидаи мунтахаби миллии Тоҷикистон анҷом ёфт. Голи ягонаро дар дақиқаи 78-уми бозӣ ниммуҳофизатгари “Истиқлол” ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев аз пеналти ба самар расонд.

 

Бозии санҷишӣ

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН – МУНТАХАБИ КЛУБҲОИ ТОҶИКИСТОН – 1:0

Гол: Парвизҷон Умарбоев, 78 – аз пеналти.

Мунтахаби Тоҷикистон (ҳайати аввалӣ): Алишер Додов, Сиёвуш Асроров, Эраҷ Раҷабов, Аҳтам Назаров, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов, Хуршед Маҳмудов, Ҳасан Рустамов, Аҳтам Ҳамроқулов.

Дар ивазшавӣ ба майдон баромаданд: Алишер Тӯйчиев, Нозим Бобоҷонов, Бахтиёр Чориев, Фаридун Шарипов, Ҷаҳонгир Алиев, Комил Саидов, Парвизҷон Умарбоев, Давронҷон Эргашев, Миралӣ Муродов.

Мунтахаби клубҳои Тоҷикистон (ҳайати аввалӣ): Анатолий Старушенко, Хосе Баллестер, Идибек Ҳабибуллоев, Расул Пайзов, Комрони Мирзонаҷот, Бахтиёр Қаландаров, Маҳдӣ Чоҳҷӯи, Умедҷон Шарипов, Ромиш Ҷалилов, Бледа Родригес, Ҳусейни Сӯҳробӣ.

Дар ивазшавӣ ба майдон баромаданд: Қурбоналӣ Бобоев, Акуффо Гершон, Ойбек Абдуғаффоров, Саидхони Амрохон, Илҳом Баротов, Сафархон Мирзоев, Андох Наполеон.

Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров, Эраҷ Раҷабов (мунтахаби Тоҷикистон), Саидхони Амрохон (мунтахаби клубҳои Тоҷикистон).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Парвизҷон Умарбоев (мунтахаби Тоҷикистон).

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор) – 7 хол.

Нозири бозӣ: Садриддин Мустафоқулов (Ҳисор).

1 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 600 тамошобин.

Добавить комментарий