«Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» – шарики нави Федератсияи футболи Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

«Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» – шарики нави Федератсияи футболи Тоҷикистон

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон» (ICB) созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

Маросими расмии имзои созишнома рӯзи 6 март дар деҳаи зебоманзари Алмосии Ҳисор баргузор шуд. Ин санадро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ва раиси Бонки «ICB» Мирзосафар Сафаров имзо карданд.

Пас аз имзои созишнома миёни кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва бонки «ICB» бозии дӯстонаи футбол доир гардид.

Назари худро бинависед