Гулмуроди Саъдуллои 33-сола, довари ФИФА якҷо бо ситоди худ ҳаками бозии даври муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2024/25 таъйин шуд.
Гулмуроди Саъдулло вохӯрии бошгоҳҳои «Ал-Ғарофа» (Қатар) ва «Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА)-ро, ки 13 август дар шаҳри Ал-Хори Қатар баргузор мешавад, доварӣ мекунад. Ҳасан Каримов ва Вафо Қараев дар хатҳо ба ӯ кӯмак мекунанд. Довари ФИФА Аскар Наҷафалиев аз Ӯзбекистон довари эҳтиётӣ таъйин гардид.
Ғолиби ҷуфти «Ал-Ғарофа» (Қатар) – «Шабоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2024/25 ва дастаи мағлубшуда дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи дуюми Лигаи қаҳрамонҳои Осиёро пайдо мекунад.