Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ муҳлати ёддошти тафоҳумро тамдид карданд. Созишномаро ноиби якуми президенти ФФТ Хуршед Мирзо ва ноиби президенти Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ Ламия Баҳаян имзо карданд.
Дар чаҳорчӯби Ёддошти тафоҳуми имзошуда ноиби президенти Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ Ламия Баҳаян хоҳиши густариши ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистонро изҳор намуда, ба тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар комёбиҳо таманно кард.
Ноиби якуми президенти ФФТ Хуршед Мирзо дар навбати худ ба Федератсияи футболи Арабистони Саудӣ барои истиқболи самимӣ миннатдорӣ баён намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои минбаъдаи судманд миёни ду федератсияи миллӣ идома меёбад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо, ташкил ва баргузории бозиҳои байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мардонаю занона, ҷавонон ва футзали ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд. Ҳамкорӣ дар бахшҳои маркетинг, тиб, доварӣ, таълими мураббигӣ, футболи занона ва ғайра низ дар назар аст.