Табиби тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Фаррух Авезов ҷони мусофиреро дар ҳавопаймо наҷот дод.
Дар ҳавопаймое, ки аз Истамбул ба Сингапур парвоз мекард, эълон карданд, ки фавран духтур лозим аст. Табиби мунтахаби Тоҷикистон Фаррух Авезов, ки дар дохили ҳавопаймо буд, сари вақт ба мусофир кӯмак карда, ӯро аз ҳолати вазнин баровард.
Фаррух Авезов беш аз 25 сол дар соҳаи футбол кор мекунад ва имсол ӯ барои дастовардҳои шоён дар соҳаи тибби варзишӣ бо ҷоизаи тиллоии Конфедератсияи футболи Осиё сарфароз гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз мунтахаби Тоҷикистон барои анҷоми бозии дӯстона бо тими миллии Сингапур ба Сингапур рафт. Ин дидор 8 сентябр дар варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.