«Ҳосилот» барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 гардид – Федерация Футбола Таджикистана

«Ҳосилот» барандаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 гардид

Имрӯз, 15 март дар шаҳри Гулистон мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон бо ширкати бошгоҳҳои лигаи олии кишвар бо пирӯзии дастаи «Ҳосилот»-и Фархор ба анҷом расид.

Дар бозии финалӣ «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» вохӯрданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 25-ум ҳимоятгари «Хуҷанд» Тони Бикатал кушод. Дар лаҳзаҳои охири нерӯсанҷӣ Наврӯз Рустамов аз зарбаи ҷаримавии 11-метра таносубро барқарор кард. Дар силсилаи зарбаҳои пеналти футболбозони «Ҳосилот» дақиқтар баромаданд – 3:2.

Медалҳои биринҷии Ҷоми Лига насиби бозигарони «Эсхата»-и Хуҷанд гардиданд, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Аз ҳайати «Эсхата» Дилшод Бозоров ва Дилшод Каримов гол заданд.

 

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023

Бозӣ барои ҷойи сеюм

«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата» – 0:2

Голҳо: Дилшод Бозоров, 31 (0:1). Дилшод Каримов, 90+3 (0:2).

Аз майдон берун карда шуданд: Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»), 64 – барои таҳқири рақиб, Соҳибҷон Ҳакимов («Эсхата»), 64 – барои таҳқири рақиб.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Дилшод Бозоров («Эсхата»).

15 март. Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон-2». 100 тамошобин.

 

Финал

«Хуҷанд» – «Ҳосилот» – 1:1. Аз рӯйи пеналти – 2:3

Голҳо: Тони Бикатал, 25 (1:0). Наврӯз Рустамов, 90+4 (1:1).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Фатҳулло Бобоев («Ҳосилот»).

15 март. Гулистон. Варзишгоҳи «Баҳористон-1». 100 тамошобин.

Назари худро бинависед