Бо пирӯзии дастаи «Бешкент»-и ноҳияи Носири Хусрав дар шаҳри Бохтар қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои духтаронаи то 15-сола анҷом ёфт.
Мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои духтаронаи то 15-сола дар ду марҳила – муқаддамотӣ ва ниҳоӣ баргузор шуд. Дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқот чордаҳ даста ба ду гурӯҳ «А» ва «Б» ҷудо шуданд. Тибқи натиҷаи бозиҳои минтақавӣ аз ҳар гурӯҳ се тим ба қисми ниҳоии мусобиқа баромада, муборизаро барои медалҳо давом доданд.
Барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои «Панҷшер» ва «Зебо» мубориза бурданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ хотима ёфт – 0:0. Дар силсилазарбаҳои пеналтӣ бахт ба ҷониби «Панҷшер» хандид – 4:3.
«Бешкент» дар вохӯрии ҳалкунандаи чемпионат бар дастаи «Бунҷикат» бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.
Дар маросими ҷамъбастии чемпионат директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров, директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Абдулло Соқиев ва муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов ширкат доштанд.
Аз рӯи ҷамъбасти чемпионат Марҷона Маматқулова аз тими «Бунҷикат» беҳтарин дарвозабон гардид. Ҷоизаи нишонзани беҳтаринро Улҷамол Элмуродова («Бешкент»), ки ба дарвозаи рақибон 71 гол задааст, аз они худ кард. Эркин Нормуродов («Бешкент») беҳтарин мураббии чемпионат ва Маҳлиё Ҷумъақулова («Бунҷикат») беҳтарин бозигар дониста шуданд.