Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов, ки дар 16-умин мусобиқаи Ҷоми Осиё ширкат кард, имрӯз аз Кувайт ба Душанбе баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистонро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе самимона истиқбол гирифтанд.
Дар маросими истиқбол ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода бо даста мулоқоти кӯтоҳе доир намуда, ба ҳар як узви даста барои баромади бомуваффақонаашон дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт, ки дар натиҷа тими мо ба қатори панҷ дастаи беҳтарини чемпионат шомил гардид, изҳори сипос намуд.
Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал мунтахаби Тоҷикистон бар Баҳрайн (4:3) ва Туркманистон (8:5) пирӯз шуда, аз Ӯзбекистон (2:3) шикаст хӯрд. Футзалбозони мо дар даври 1/4 финали мусобиқот аз тими Тайланд (2:3) мағлуб шуданд.