Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «Е» барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон КМВА бо ғолиби Ҷоми Қирғизистон «Нефтчӣ» мусовӣ кард (0:0).
Қаблан дастаи артиш бо «Алтин Асир»-и Туркманистон мусовӣ (1:1) карда, аз «Суғдиёна»-и Ӯзбекистон (2:3) шикаст хӯрда буд. КМВА баъди се бозӣ ду хол ба даст оварда, дар гурӯҳ ҷойи сеюмро гирифт.
Барандаи чаҳоргонаи «Е» дастаи «Суғдиёна»-и Ҷиззах, ки дар се бозии анҷомдода се пирӯзӣ ба даст овард. Ноибқаҳрамони Ӯзбекистон дар даври ниҳоӣ бар «Алтин Асир» бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Ҳамин тариқ, дар финали минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 дастаҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) вомехӯранд. Ин вохӯрӣ 17 август барпо мегардад. Макони баргузории ин бозӣ рӯзи 14-уми июл пас аз натоиҷи қуръакашӣ, ки дар қароргоҳи КФО баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд. Ғолиби минтақа 100 ҳазор доллари ИМА ҷоизапулӣ мегирад.
Ҷоми КФО-2022
Гурӯҳи «Е». Даври 3
КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – 0:0
Голҳо: Шоҳрӯз Норхонов, 3 (0:1). Элчибек Рашидбеков, 31 (1:1). Ҷасур Ҳасанов, 45 (1:2). Шоҳрӯз Норхонов, 46 (1:3). Хуршед-Тимур Ҷӯраев, 50 – аз пеналти (2:3).
КМВА (Душанбе, Тоҷикистон): Азамат Ахмедов, Сергей Доронин, Алишер Сафаров, Комрон Мирзонажод, Хуршед-Тимур Ҷӯраев (Хуршед Абдуллоев, 56), Идрис Амину, Изатулло Рӯзиев, Комрон Иброҳимов, Вайсиддин Сафаров (Шарафҷон Солеҳов, 50), Элчибек Рашидбеков (Абдулло Шарипов, 77).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Сергей Доронин (КМВА).
Довари марказӣ: Болд Хаш-Эрдене (Муғулистон).
30 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5750 тамошобин.
«Суғдиёна» (Ӯзбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 3:1
Голҳо: Ҷасур Ҳасанов, 20 (1:0). Ҷавоҳир Қаҳрамонов, 48 (2:0). Ҷасур Ҳасанов, 60 (3:0). Нурмурод Розиев, 65 (3:1).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Ҷасур Ҳасанов («Суғдиёна»).
Довари марказӣ: Алӣ Ҳасан Иброҳим Абдулнабӣ (Баҳрайн).
30 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 850 тамошобин.