Дирӯз, 28-уми феврал, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон нахустин ҷаласаи шӯрои мураббиён дар соли нав баргузор шуд, ки дар он ҳисоботи сармураббиёни тимҳои миллии Тоҷикистон шунида шуд.
Дар кори шӯрои мураббиён директори фаннии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров ва директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар Увайдо Давлатбеков ширкат доштанд.
Дар ҷаласа ҳисоботи мураббиёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон шунида шуд. Аҳлиддин Турдиев (тими ҷавонони то 19-сола), Зайниддин Раҳимов (тими наврасони то 16-сола), Пайрав Воҳидов (сармураббии мунтахаби футзал) ва Мустафо Афшорӣ (тими ҷавонони футзал), ки дастаҳояшон дар ду моҳи соли 2022 бозиҳои санҷишӣ гузаронида, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок доштанд, дар бораи корҳои анҷомдодашудаи худ ба шӯрои мураббиёни ФФТ ҳисобот доданд.
Ҳамчунин, сармураббии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон аз нақшаҳои худ барои моҳҳои оянда нақл карданд ва пас аз ҷаласаи шӯрои мураббиёни Федератсияи футболи Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.