Комиҷроияи ФФТ шакли нави баргузории чемпионати Тоҷикистонро тасдиқ намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Комиҷроияи ФФТ шакли нави баргузории чемпионати Тоҷикистонро тасдиқ намуд

Рӯзи панҷшанбеи 27 январ дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси Душанбе” нахустин ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли ҷорӣ баргузор шуд. Муҳокимаи рӯзномаи чорабинӣ, ки аз панҷ масъала иборат буд, зиёда аз се соат давом кард.

Тибқи рӯзномаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон аввалин шуда гузориши директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов шунида шуд. Вай дар бораи чорабиниҳои ЛФТ дар соли 2021 муфассал сухан гуфт. Сипас, масъалаҳои марбут ба баргузории мусобиқоти Лигаи футболи Тоҷикистон дар мавсими нав мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон шакли нави баргузории мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олиро, ки аз ҷониби Кумитаи мусобиқаи ФФТ пешниҳод шуда буд, тасдиқ кард. Имсол марҳилаи якуми чемпионат, ки дар аввали моҳи апрел оғоз меёбад, аз рӯи нақшаи маъмулӣ гузаронда мешавад. Ҳамаи даҳ даста 18 вохӯрӣ мегузаронад, ки он ба ду қисм (дар хона ва дар сафар) тақсим мешавад. Дар марҳилаи дуюм даҳ даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда ҳифз мешаванд. Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ бошгоҳи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқа ҷойҳои аз 1 то 5-умро муайян менамоянд.

Панҷ дастаи боқимонда дар гурӯҳи «В» дар як қисм бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 6 то 10 мубориза мекунанд. Ду дастаи мақомҳои охирини ҷадвали мусобиқаро ишғол намуда, ба лигаи якум мегузаранд. Дар маҷмӯъ, аз рӯи натоиҷи мавсими соли 2022 ҳар даста дар чемпионат 22 бозӣ анҷом медиҳад. Чунин ислоҳот таваҷҷуҳро ба бозиҳои чемпионати Тоҷикистон, бахусус дар марҳилаи дуввум зиёд мегардонад.

Ҳамчунин, дар Кумитаи иҷроияи ФФТ дар шароити пандемия ва мушкилоти молӣ тасмим гирифта шуд, ки шумори дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими соли 2023 ба 12 даста расонида нашавад. Масъалаи афзоиши теъдоди дастаҳо дар чемпионати кишвар, ки аз соли 2024 сар мешавад, пас аз як сол баррасӣ мешавад.

Дар кори Кумитаи иҷроияи ФФТ шакли нави лимит барои легионерҳо дар чемпионати Тоҷикистон тасдиқ гардид. Агар қаблан бошгоҳҳои Лигаи олӣ метавонистанд шаш бозигари хориҷиро ба дархости худ илова кунанд, пас аз имсол ҳар як дастаи чемпионати Тоҷикистон ҳақ дорад ҳадди аксар ҳафт бозигари хориҷиро ба дархости мавсимӣ илова намояд, ки аз инҳо панҷ нафарашон метавонанд дар як вақт дар майдон бозӣ кунанд.

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ тасдиқ шуд, макони баргузории Суперҷоми Тоҷикистон-2022 мебошад. Қарор шуд, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон байни чемпиони феълии кишвар «Истиқлол»-и Душанбе ва ноиб-чемпион, инчунин соҳиби Ҷоми кишвар дар соли 2021 – «Хуҷанд»-и Хуҷанд рӯзи 8 май дар  варзишгоҳи “ТАЛКО-Арена”-и шаҳри Турсунзода баргузор шавад.

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия мавзуъи зиёд намудани шумораи мусобиқаҳо бо иштироки ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ ва дастаҳои лигаи якум, инчунин тағйир додани шакли баргузории Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон аз соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Масъалаи дигари рӯзномаи Кумитаи иҷроияи ФФТ таъин шудани мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрти дорандаи муҷаввизи мураббигии дараҷаи “Pro”-и UEFA ба вазифаи сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон буд. Ӯ дастаи мунтахаби кишварро ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8 то 14 июн дар шакли мутамарказ баргузор мешавад, омода мекунад. Мутахассиси хорватӣ муваззаф шуд, ки мунтахаби Тоҷикистонро ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки дар Чин баргузор мешавад, барорад.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ ҳисоботи директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров оид ба натиҷаҳои кори шӯъбаи техникӣ барои соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 шунида шуд.

Директори Лигаи футзали Тоҷикистон Фурқат Аҳмадҷонов низ ба Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи кори Лига дар соли 2021 ҳисобот дод. Аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроия ба Аҳмадҷонов  ҷиҳати андешидани чораҳо барои рафъи  камбудиҳо дар кори рушди минбаъдаи футзал дар Тоҷикистон маслиҳату пешниҳодҳо  дода шуданд.

Илова бар ин, Фарҳод Расулзода, раиси Кумитаи молияи ФФТ дар Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон суханронӣ кард. Дар поёни ҷаласа натоиҷи санҷиши аудитории фаъолияти молии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои соли 2020 ва буҷаи ин созмон барои соли 2022 тасдиқ шуд.

 

Назари худро бинависед