Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов омодагияшро ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 шурӯъ намуд.
Пайрав Воҳидов барои иштирок дар нахустин ҷамъомади омӯзишиву машқии имсола, ки даҳ рӯз идома хоҳад кард, 2 дарвозабон ва 13 бозигари майдонро даъват кардаст.
Дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Гурҷистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо 15 ва 16 январ дар Тбилиси барпо мешаванд.
Қобили зикр аст, ки рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 фардо, 6 январ маълум хоҳад шуд. Дастаи мо дар минтақаи ягонаи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки аз 1 то 15 апрел дар Бишкеки Қирғизистон барпо мегардад, баромад мекунад.
Ҳайати мунтахаби футзали Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов («Истиқлол»), Хушбахт Исоев («Соро компания»);
Бозигари майдон: Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Умед Кузиев, Парвиз Раҳматов, Собирҷон Гуляков (ҳама аз «Сипар»), Рустам Ҳамидов («Окжетпес», Қазоқистон), Самандар Ризомов, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов (ҳама аз «Истиқлол»), Дилшод Саломов («Рахш-Такси»).
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.