«Хатлон» ғолиби мусобиқа байни духтарони то 17 соли Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Хатлон» ғолиби мусобиқа байни духтарони то 17 соли Тоҷикистон шуд

Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 соли Тоҷикистон бо ғалабаи дастаи “Хатлон”-и Бохтар анҷом ёфт.

Мусобиқа, ки дар он шаш даста иштирок намуд дар ду қисм баргузор гашт. Ғолиби мусобиқа дар даври ҷамъбастӣ маълум шуд. Дар он “Хатлон” бар “Навбаҳор” бо ҳисоби 1 бар 0, ММФЧА бар “Ҳосилот” бо ҳамин ҳисоб ва “Равшан” бар “Зарнисор” бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо шуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа якбора ду даста – “Хатлон” (Бохтар) ва ММФЧА (Хуҷанд) 25 имтиёзиёрӣ ба даст оварданд, аммо дар вохӯриҳои байнихудӣ бошад, бартарият ҷониби футболбоздухтарони бохтарӣ (3:2, 1:1) буд ва аз ин лиҳоз “Хатлон” соҳиби медалҳои тилло, футболбоздухтарони суғдӣ соҳиби нуқра ва духтарони футболбози фархорӣ бошанд соҳибӣ медалҳои биринҷии мусобиқа шуданд.

Марсими ифтихории ҷамъбаст ва ҷоизасупории мусобиқа хеле пуршукӯҳ доир шуда, дар он ба ғолибону ҷоизадорон ҷому медалҳо супорида шуданд. Дарвозабони “Ҳосилот” Дилноза Нурова беҳтарин дарвозабони мусобиқа шинохта шуд. Ҳамлагари ММФЧА Рухшона Файзуллоева бо 20 голи задааш беҳтарин нишонзан шуд. Тӯҳфаи беҳтарин бозингари мусобиқаро бошад Муҳайминаи Гулаҳмад аз дастаи «Хатлон» соҳиб шуд.

 

Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 17 сола. Даври 10-ум

«Зарнисор» – «Равшан» – 0:2

«Ҳосилот» – ММФЧА – 0:1

«Хатлон» – «Навбаҳор» – 1:0

 

  Б Ғ М Б Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 10 8 1 1 31-7 25
2 ММФЧАуғд) 10 8 1 1 45-7 25
3 «Ҳосилот» (Фархор) 10 5 2 3 12-13 17
4 «Навбаҳор» (Мастчоҳ) 10 4 1 5 24-10 13
5 «Зарнисор» (Вахш) 10 1 1 8 4-43 4
6 «Равшан» (Кӯлоб) 10 1 0 9 8-44 3

 

Нишонзанҳо: Рухшона Файзуллоева (ММФЧА) – 20 гол, Заррина Имомназарова (ММФЧА/«Навбаҳор») – 14 гол, Муҳайминаи Гулаҳмад («Хатлон») – 13 гол, Дилдора Раҳмонова (ММФЧА) – 9 гол, Мунира Шарипова («Хатлон») – 7 гол.

Назари худро бинависед