Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 16 соли Тоҷикистон (U-16) Аҳлиддин Турдиев натиҷаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 байни наврсонро, ки дар он дастаи ӯ дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои мунтахаби наврасони Умон, Яман ва Аморати Муттаҳидаи Араб баромад мекунад, чунин шарҳ дод:
“Чунин меҳисобам, дар гурӯҳе ки мо афтодем – Умон, Яман ва АМА ҳама дастаҳо баробаранд ва мо имконияти аз гурӯҳ баромаданро дорем. Ҳамаи дастаҳо дастаҳои хубу пурқувват ҳастанд. Аллакай ба омӯзиши рақибони худ шурӯъ кардем. Департаменти фаннии ФФТ ва деапратменти дастаҳои мунтахаби Федератсия ба мо барои омӯзиш навори бозиҳоро бо иштироки ин мунтахабҳо дастрас намуданд, ки ба онҳо сипосгузорӣ баён мекунем.
Вобаста ба омодагии даста бошад ҳаминро метавонам бигӯям, ки умед мебандем баъди ба эътидол омадани вазъи ҷаҳонӣ ва кушодашавии сарҳадҳо ва хати парвозҳо, мо имконият пайдо мекунем, ки чанд бозии санҷишӣ баргузор намоем. То оғози мусобиқа дар Баҳрайн ҳоло панҷ моҳи дигар боқӣ мондааст ва ин вақт барои омодагӣ кофӣ аст”, – гуфт сармураббии мунтахаби наврасони то 16 соли Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев дар мусоҳибааш ба сомонаи расмии ФФТ.