Пас аз сари нав эҳшавии мавсим бо сабаби пандемияи глобалии коронавирус, Федератсияи футболи Тоҷикистон иҷозат дод, ки дар бозиҳои боқимонда дар чемпионати миллӣ байни дастаҳои лигаи олӣ ва бозиҳо барои Ҷоми Тоҷикистон панҷ ивазкунӣ барои ҳар як даста истифода шавад.
Ин қоида қаблан аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) ва Шӯрои байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (IFAB) тавсия дода шуда буд.
Дар бозиҳои чемпионати Тоҷикистон ва Ҷоми кишвар дастаҳо метавонанд, ки давоми бозӣ панҷ нафар бозигаронашонро иваз намоянд. Инчунин, онҳо се имконият барои ҷобаҷогузорӣ дар вақти бозиро дошта, илова бар ин имкон доранд, ки дар вақти танаффус бозигаронашонро иваз намоянд.
Чемпионати Тоҷикистон, ки бар асари пандемияи коронавирус боздошта шудааст, рӯзи 16 июн оғоз меёбад.