Имрӯз, 18 март, Конфедератсияи футболи Осиё ба таъхир гузоштани ҳамаи бозиҳои мусобиқаҳои худро, ки мувофиқи нақша бояд дар моҳҳои март ва апрел баргузор мешуданд, вобаста ба хуруҷи коронавирус, расман эълон намуд.
Бо сабаби бадтар шудани вазъияти ҷаҳонӣ ва маҳдудиятҳои омадураф, инчунин бо назардошти саломатӣ ва бехатарии олами футболӣ ва чанд дархосте, ки аз Ассотсиатсияҳои ширкаткунанда ворид шуданд, Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки ҳамаи бозиҳои мусобиқоти худро, ки аз рӯи нақша бояд дар моҳҳои март ва апрел баргузор мегаштанд, ба таъхир гузорад.
КФО пеш аз пешниҳоди санаҳои нав барои бозиҳои таъхиргузошташуда, вазъро бодиққат арзёбӣ ва назорат мекунад.
Ба ин тартиб чор бозии моҳи апрелии Ҷоми КФО-2020 бо иштироки дастаҳои Тоҷикистон – «Олтин Асир» – «Истиқлол» (15 апрел, Ишқобод), «Хуҷанд» – «Дордой» (15 апрел, Хуҷанд), «Хуҷанд» – «Олтин Асир» (28 апрел, Хуҷанд) ва «Истиқлол» – «Дордой» (29 апрел, Душанбе) ба вақти дертар гузошта шуданд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан бозии даври ҳафтуми мусобиқоти интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон, ки бояд рӯзи 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешуд, ба таърихи баъдтар гузошта шуд. Инчунин, бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни тимҳои миллии Ҷопон – Тоҷикистон (4 июн) ва Тоҷикистон – Мянма (9 июн) низ ба санаи номуайян ба таъхири баъдтар гузошта шуданд.