Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов, ки дар аввалин чемпионати ҷаҳон-2026 миёни наврасон дар Боку ғолиби дивизиони «D» шуд, пас аз бозгашт ба Ватан дар шаҳри Душанбе гарму самимӣ истиқбол гирифта шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати мунтахаби наврасони кишварро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Онҳо бозигарон ва ҳайати мураббиёни дастаро ба муносибати баромади муваффақона дар фестивали ФИФА табрик гуфта, натиҷаи бадастомадаро шоёни таҳсин арзёбӣ карданд ва ба даста дар мусобиқаҳои минбаъда пирӯзиҳои нав ва муваффақиятҳои бештар таманно намуданд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА, ки дар Озарбойҷон доир шуд, 10 бозӣ анҷом дод. Дар ҳафт дидор дастаи мо бар мунтахабҳои Барбадос (7:0), Ҷазираҳои Бермуд (7:1), Кувайт (3:0), Филиппин (3:0), Литва (5:2), Ҷумҳурии Доминикан (3:0) ва Канада (4:2) пирӯз шуд. Як бозӣ бо мунтахаби Чили бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Дар ду дидори дигар наврасони тоҷик аз ҳамсолони худ аз Конго (2:3) ва Испания (1:6) мағлуб шуданд.