Имрӯз, 30 май мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аввалин тамринҳои худро таҳти роҳбарии сармураббии нав Игор Ангеловский баргузор намуд.
Аввалин машғулияти даста дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе доир гардид. Футболбозон ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Бозигароне, ки як рӯз пеш дар ҳайати дастаҳои худ дар бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 иштирок карда буданд, тамринҳои барқарорсозӣ гузарониданд. Қисми дигари бозигарон бошад, дар майдон тибқи барномаи пурра тамрин карданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 5 ва 9 июн мунтахаби Тоҷикистон ду бозии дӯстона бар муқобили мунтахаби Ҳиндустон баргузор мекунад. Вохӯрии аввал 5 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода доир шуда, бозии дуюм 9 июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо мегардад.