Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Қирғизистон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Қирғизистон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок мекунад

Дар доираи омодагӣ ба чемпионати CAFA-2026 мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дар мусобиқаи байналмилалии «Talents Cup 2026» ширкат хоҳад кард.

Мусобиқа аз 20 то 24 март дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Қирғизистон (20 март), Ӯзбекистон (22 март) ва Қазоқистон (24 март) бозӣ хоҳад кард.

Ҳамаи вохӯриҳо дар майдони сунъии Академияи миллии футболи Қирғизистон сурат мегиранд.

Назари худро бинависед