Доварони Тоҷикистон бозиҳои мусобиқаҳои КФО-ро ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони Тоҷикистон бозиҳои мусобиқаҳои КФО-ро ҳакамӣ мекунанд

Доварон аз Тоҷикистон барои доварӣ дар мусобиқоти бошгоҳҳии Конфедератсияи футболи Осиё таъйинот гирифтанд.

Ҳайати доварон таҳти роҳбарии довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии даври сеюми Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2025/26 байни дастаҳои «Ал-Ваҳда» (АМА) ва «Ал-Дуҳайл» (Қатар)-ро доварӣ мекунад. Ба ӯ дар хат ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов кумак мекунанд. Довари ФИФА Абдулло Давлатов ҳаками чорум таъйин шуд. Муҳаммад Тақи Ал-Ҷафарӣ Бин Ҷаҳарӣ дар VAR кор карда, Аҳмад Акашаҳ Бин Аҳмад Ал-Бадове аз Сингапур ёвари VAR хоҳад буд. Ин бозӣ имрӯз, 20 октябр дар Абу-Даби баргузор мешавад.

Илова бар ин, чаҳор довар аз Тоҷикистон барои ҳакамӣ дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 интихоб шуданд. Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари довари ФИФА Исмоил Нуралиев вохӯриҳои гурӯҳи «D»-ро дар Индонезия доварӣ намуда, Абдулло Давлатов ва ёвари довари ФИФА Вафо Қараев рақобатҳои гурӯҳи «В»-ро дар Кувайт ҳакамӣ мекунанд.

 

Назари худро бинависед