Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати доваронро, ки бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Малдивро ҳакамӣ мекунанд, интихоб намуд. Ин вохӯриро доварон аз Қирғизистон ҳакамӣ мекунанд.
Довари марказӣ довари ФИФА Зайниддин Алимов хоҳад буд. Ба ӯ дар хат ёварони довари ФИФА Нураалӣ Абдунабиев ва Абдуғанӣ Абдукаримов кумак мекунанд. Довари ФИФА Санҷар Жакипбеков ба ҳайси чаҳорумин ҳакам кор мекунад. Кори ҳайати доваронро Валентин Коваленко аз Ӯзбекистон назорат менамояд ва Валид Муҳаммад Мӯсо Тоҳир Ал-Блуши комиссари бозӣ таъйин гардид.
Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Малдив рӯзи 9 октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мегардад.