Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) омодагиро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оғоз мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) омодагиро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оғоз мекунад

Имрӯз, 21 август дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Душанбе омодагиҳоро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оғоз мекунад.

Сармураббии тими олимпии кишвар Леван Хомерики ба ҷамъомади ниҳоии пеш аз марҳилаи интихобӣ 30 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват кардааст. Ба дархости ниҳоии даста барои ширкат дар марҳилаи интихобӣ ҳамагӣ 23 бозигар ворид карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «К» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо Непал (3 сентябр), Филиппин (6 сентябр) ва Сурия (9 сентябр) мебошанд. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ғолибони 11 гурӯҳи интихобӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 7 то 25 январ дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Назари худро бинависед