29 август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии ифтитоҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор мешавад.
Барои мухлисоне, ки чиптаи дидори мазкурро мехаранд, тӯҳфаи арзишманде омода шудааст – автомобили BYD E2 ба бозӣ гузошта мешавад.
Пеш аз оғози вохӯрӣ тамошобинонро барномаи рангини консертии идона бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик интизор аст. Маросими мутантани ифтитоҳии мусобиқот соати 20:00 оғоз шуда, баъд аз он бозии Тоҷикистон бо Ҳиндустон доир мегардад.
Чиптаҳоро барои ҳамаи бозиҳои гурӯҳи «В»-и мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» метавонед аз платформаи echipta.tj харидорӣ намоед. Нархи як чипта 30 сомонӣ мебошад.
Ҳамаи мухлисонро ба тамошои футбол даъват мекунем!