Вақти бозиҳои мунтахаби миллӣ муайян шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Вақти бозиҳои мунтахаби миллӣ муайян шуд

Федератсияи футболи Тоҷикистон вақти оғози вохӯриҳои хонагии тими миллиро дар бозиҳои марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 муайян кард. Ёдовар мешавем, ки мунтахаби миллии мо дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.

Бозии ифтитоҳии худро дар доираи марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзи 11 июн бо мунтахаби Урдун мегузаронад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 20.00

Бозии дуюми хонагии худро рӯзи 8 сентябр дружинаи Муҳсин Муҳаммадиев бо чемпиони феълии Осиё тими Австралия доир менамояд. Ин бозӣ соати 18.00 шурӯъ хоҳад шуд.

Рӯзи 12-уми ноябр мунтахаби миллии Тоҷикистон бозии сеюми худро дар доираи марҳилаи интихоби ҶҶ-2018 бо мунтахаби Бангдадеш мегузаронад. Оғози ин бозӣ соати 17.00 ба нақша гирифта шудаст.

Бозии ҷамъбастии хонагии тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихоби ҶҶ-2018 рӯзи 29-уми марти соли оянда бо мунтахаби Қирғизистон доир мегардад. Оғози ин вохӯрӣ соати 18.00.

Қайд мекунем, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ба сифати макони баргузории бозиҳои хонагии тими милӣ дар марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявиро пешниҳод намудаст. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ҷавобгӯи талаботҳои баргузори ҳама гуна мусобиқаҳои расмии ФИФА ва КФО мебошад.

 

Тақвими бозиҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихоби ҶҶ-2018 дар гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 20.00

ТОҶИКИСТОН – Урдун

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Оғоз соати 18.00

ТОҶИКИСТОН – Австралия

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Оғоз соати 17.00

ТОҶИКИСТОН – Бангладеш

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Даври 9-ум

24 марти соли 2016  (панҷшанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Оғоз соати 18.00

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

VENUES AND KICK-OFF TIMES - TAJIKISTAN

Добавить комментарий