Виталий Левченко: «Вазифаи камтарини мо дар Ҷоми КФО-2020 – баромадан аз гурӯҳ аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Виталий Левченко: «Вазифаи камтарини мо дар Ҷоми КФО-2020 – баромадан аз гурӯҳ аст»

Сармураббии «Истиқлол» Виталий Левченко ва капитани даста Алишер Ҷалилов андешаҳои худро нисбати бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 бо «Хуҷанд» чунин баён доштанд.

 

Виталий ЛЕВЧЕНКО, сармураббии «Истиқлол»:

– Афсӯс, ки бозӣ бидуни тамошобин баргузор мешавад ва мо аз ҷониби мухлисон дастгирии кофӣ нахоҳем дошт. Онҳо бозигари 12-уми мо ҳастанд! Мо медонем, ки мухлисон дастаи моро дар Душанбе чӣ гуна дастгирӣ мекунанд, аз ин рӯ, мо набудани онҳоро эҳсос хоҳем кард. Бозии мустақиман ба воситаи телевизионҳо намоиш дода мешавад ва ҳама метавонанд онро тамошо кунанд. Дар мавриди вазифаи “Истиқлол” дар Ҷоми КФО ҳаминро гуфтаниям, ки табиист, пеши дастаи мо вазифаҳои аз ҳама баландтар гузошта мешаванд. Дар ин марҳилаи мусобиқа бошад, камтарин вазифаи “Истиқлол” – баромадан аз гурӯҳ аст.

 

Алишер ҶАЛИЛОВ, капитани «Истиқлол»:

– Мо ба оғози ин мусобиқа омодагии хуб дидем, аммо пагоҳ хеле мушкил мешавад, зеро бозӣ бе иштироки мухлисон доир мегардад. Бозии аввал дар гурӯҳ аст ва мо бояд дар он ғолиб шавем. Ҳамааш пагоҳ маълум мешавад. Дар маҷму мо ба бозӣ омода ҳастем. Бозиҳои “Хуҷанд”-ро тамошо кардем ва онро хуб медонем. Мо ба тамоми ҳарифонамон  эҳтиром дорем ва ягонтои онҳоро нодида намегирем.

Назари худро бинависед