Тими миллии Тоҷикистон дар моҳи сентябр ду бозии санҷишӣ мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон дар моҳи сентябр ду бозии санҷишӣ мегузаронад

Дар рафти омодагӣ ба бозиҳои тирамоҳии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 тими миллии Тоҷикистон ду бозии санҷишӣ мегузаронад.

Баргузории ҳарду бозӣ дар аввали моҳи сентябр дар сафар ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқи маслиҳат бо Ассотсиатсияи футболи Узбекистон рӯзи 3 сентябр дар варзишгоҳии “Миллӣ”-и шаҳри Тошканд бозии дӯстонаи мунтахабҳои миллии Узбекистону Тоҷикистон баргузор мешавад. Баъди ин вохӯрӣ миллипӯшони футболи Тоҷикистон ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳиддаи Араб сафар карда, рӯзи 6 сентябр бо тими миллии ин кишвар бозии санҷишии худро барпо мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки тими миллии Тоҷикистонро дар марҳилаи дуюми қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” баргузории се вохӯрӣ боқӣ монда аст. Миллипӯшони футболи кишвар рӯзи 8 октябр дар Душанбе мунтахаби миллии Муғулистонро қабул карда, рӯзи 12 ноябр дар сафар бо мунтахаби миллии Ҷопон ва рӯзи 17 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо тими миллии Мянмар рақобат мекунад.

 

Бозиҳои дӯстона

3 сентябр (панҷшанбе)

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Тошканд, варзишгоҳи «Миллӣ»

 

6 сентябр (якшанбе)

АМА – ТОҶИКИСТОН

Дубай, АМА

Назари худро бинависед