Тими миллии Тоҷикистон ба Тошканд сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон ба Тошканд сафар кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон субҳи имрӯз дар автобуси Федератсияи футболи Тоҷикистон аз Душанбе ба Хуҷанд сафар кард, ки аз он ҷо тавассути гузаргоҳи Ойбек ба Тошканд барои иштирок дар бозии дӯстона бо тими миллии Узбакистон меравад.

Қабл аз сафар ба Узбакистон, ҳамаи аъзои ҳайати тими миллии Тоҷикистон аз ташхиси коронавирус гузаштанд, ки натиҷаи манфӣ дод. Ҳангоми расидан ба Тошканд, аъзои ҳайати дастаи мо бори дигар ташхиси тестӣ карда мешаванд.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев дар ин сафар бо худ 23 бозигарро ҳамроҳ гирифтаст. Ҳамлагари Хуҷанд Дилшод Бозоров, ки дар яке аз тамринҳои тими миллӣ лат бардошт, дар ин бозӣ иштирок карда наметавонад. Муҳофизатгари “Бунёдкор” Давронҷон Эргашев бошад дар Узбекистон ба ҳайати мунтахаби миллиямон ҳамроҳ мешавад.

Гарчанде, ки дарвозабони асосии тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов ба Тошканд рафт, бинобар корти сурхи гирифтааш дар бозии дӯстона бо Малайзия (0: 1) дар моҳи ноябри соли ҷорӣ, дар вохӯрӣ бо Узбекистон иштирок карда наметавонад.

Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Узбекистон ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 3 сентябр, соати 19:00 дар варзишгоҳи “Локомотив”-и шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

 

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои иштирок дар бозии санҷишӣ бо тими миллии Узбекистон:

ДарвозабонҳоРустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Қурбоналӣ Бобоев («Кӯктош»);

Муҳофизон:Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Хуршед Бекназаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»);

НимуҳофизонЭҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан»), Умарҷон Шарипов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов («Файзканд»), Комрон Турсунов («Мохун Баган», Ҳиндустон), Хуршед Абдуллоев («Душанбе-83»);

ҲамлагаронМанучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Назари худро бинависед