Расмӣ: бозии 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 байни «Истиқлол» – «Персеполис» дар Душанбе барпо мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Расмӣ: бозии 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 байни «Истиқлол» – «Персеполис» дар Душанбе барпо мешавад

Конфедератсияи футболи Осиё Душанберо макони баргузории бозии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар минтақаи Ғарб байни дастаҳои Истиқлол (Тоҷикистон) ва “Персеполис” (Эрон) тасдиқ кард.

Вохӯрии “Истиқлол” ва “Персеполис” рӯзи сешанбеи 14 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе баргузор мегардад. Вақти оғози бозӣ баъдтар тасдиқ карда мешавад.

Вохӯрии дигари 1/8 ниҳоӣ байни “Шарҷа” (АМА) ва “Ал-Ваҳда” (АМА) дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад.

Бо қарори Конфедератсияи футболи Осиё, ду бозии дигари марҳилаи 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар Минтақаи Ғарбӣ байни “Истиқлол” (Эрон) – “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ) – “Тракторсозӣ” (Эрон) бояд дар майдонҳои бетараф баргузор шаванд.

Ёдрас мешавем, ки аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамони AFC-2021, қаҳрамони Тоҷикистон, “Истиқлол” -и Душанбе 10 имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи “А” мақоми аввалро ишғол намуд.

 

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021

Минтақаи Ғарб

1/8 финал

13 сентябр (душанбе)

«Истиқлол» (Эрон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – Бозӣ дар майдони бетараф мегузарад

«Шарҷа» (АМА) – «Ал-Ваҳда» (АМА) – Бозӣ дар АМА баргузор мешавад.

 

14 сентября (вторник)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Персеполис» (Эрон) – Бозӣ дар Душанбе хоҳад гузашт

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Тракторсозӣ» (Эрон) – Бозӣ дар майдони баргузор мешавад.

Назари худро бинависед