«Ҳосилот» дар бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2017 бо «Дордой» вомехӯрад – Федерация Футбола Таджикистана

«Ҳосилот» дар бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2017 бо «Дордой» вомехӯрад

Витсе-чемпиони Тоҷикистон «Ҳосилот»-и Фархор бозии ҷавобиро дар доираи марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2017 бо «Шоҳин Осмоӣ»-и Афғонистон мусовӣ ва бидуни гол анҷом дода ба бозии плей-офф роҳхат гирифт.

Ёдрас мешавем, ки бозии аввали ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи дастаи Тоҷикистон анҷом ёфт.

Акнун, дар бозии плей-офф барои ҳамроҳ шудан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 «Ҳосилот» бо «Дордой»-и Қирғизистон, ки аз рӯи натиҷаи ду бозӣ дар марҳилаи пешкӣ бар «Балкан»-и Туркманистон (1:1, 2:1) зафар ёфт, рақобат мекунад.

Бозии аввали «Ҳосилот» бо «Дордой» рӯзи 21 феврал дар ӯши Қирғизистон ва бозии ҷавобӣ рӯзи 28 феврал, дар Душанбе доир мегардад.

 

Ҷоми КФО-2017

Марҳилаи пешакӣ. Бозии ҷавобӣ

«ҲОСИЛОТ» (ТОҶИКИСТОН) – «Шоҳин Осмоӣ» (Афғонистон) – 0:0

«Ҳосилот» (Тоҷикистон): Рустам Ризоев, Мӯсо Содиқ, Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов, Сайриддин Ғаффоров, Муҳаммадҷони Ҳасан (Хайрулло Азизов, 70), Абдурасул Раҳмонов, Агблей Ҷонес (Шодибек Ғаффоров, 67), Наврӯз Рустамов (Абдусамад Ҳоҷибоев, 87).

«Шоҳин Осмоӣ» (Афғонистон): Бакташ Акбари, Аманулло Сардорӣ, Саид Насир, Муҳаммад Руид Самандарӣ (Самиуллоҳ Мӯҳаммадӣ, 72), Амир Шарифӣ, Фардин Ҳакимӣ (Омид Ҳомаунӣ, 77), Резаалла Яри, Ҳамид Ҳабибӣ (Абдулло Абдалӣ, 88), Саёд Муҳаммад, Фарзад Атоӣ, Ҳуссайн Ализода

Огоҳонида шуданд: Ойбек Абдуғаффоров, Абдурасул Раҳмонов, Шодибек Ғаффоров («Ҳосилот»), Саид Носир, Амир Шарифӣ, Фардин Ҳакимӣ («Шоҳин Осмоӣ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Рустам Ризоев («Ҳосилот»).

Сардовар: Моуд Бонядифард (Эрон).

Нозири доварон: Аҳмад Яқуб Мӯҳаммад Ҷумъа (АМА).

Комиссари бозӣ: Ҷаргул Суҳбаатар (Муғулистон).

7 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 6000 тамошобин.

Первый матч – 1:0.

 

«Балкан» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон) – 1:2

Голҳо: Алишер Азизов, 8 (0:1). Авазбек Откеев, 53 (0:2). Акмаммет Метдаев, 90 (1:2).

7 феврал. Балканобод. Варзишгоҳи «Спорт топлуми». 9700 тамошобин.

Бозии якум – 1:1.

 

Плей-офф. Бозии якум

21 феврал (сешанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ҲОСИЛОТ» (ТОҶИКИСТОН)

 

Плей-офф. Бозии ҷавобӣ

28 феврал (сешанбе)

«ҲОСИЛОТ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Добавить комментарий