«Ҳосилот» баромадашро дар Ҷоми КФО-2017 бо ғалаба бар “Шоҳин Осмоӣ” оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

«Ҳосилот» баромадашро дар Ҷоми КФО-2017 бо ғалаба бар “Шоҳин Осмоӣ” оғоз кард

Витсе-чемпиони Тоҷикистон дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор баромадашро дар марҳилаи пешакии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) бо ғалаба оғоз намуд. Дар бозии аввал, ки рӯзи 31-уми январ, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гардид  дастаи ноҳияи Фархор бар «Шоҳин Осмоӣ» (Афғонистон) бо ҳисоби минималии 1 бар 0 пирӯз шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 35-уми вохӯрӣ ниммуҳофизи «Ҳосилот» Иброҳим Рабимов ба самар расонд. Бозии ҷавобӣ байни байни ин дастаҳо рӯзи сешанбеи 7-уми феврал, дар ҳамин варзишгоҳ баргузор мешавад. Оғози вохӯрӣ, соати 17.00.

Бозии дигари ин марҳилаи мусобиқа байни «Дордой» (Қирғизистон) ва «Балкан» (Туркманистон) мусовӣ бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт. Акнун рӯзи 7-уми феврал «Балкан» дар майдони худ «Дордой»-ро қабул мекунад.

Ёдрас мешавем, ки дастаҳои ғолиби марҳилаи пешакӣ дар Осиёи марказӣ, дар бозии плей-офф барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 бо ҳам рақобат мекунанд. Ғолиб аз рӯи натиҷаи ду вохӯрӣ муайян гашта ба чемпионҳои се кишвар – “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Олой” (Қирғизистон) ҳамроҳ мешавад.

 

Ҷоми КФО-2017

Марҳилаи пешакӣ. Минтақаи марказӣ

Бозии аввал

«Шоҳин Осмоӣ» (Афғонистон) – «ҲОСИЛОТ» (ТОҶИКИСТОН) – 0:1

Гол: Иброҳим Рабимов, 35.

«Шоҳин Осмоӣ» (Афғонистон): Бакташ Акбари (Омид Ҳомайнӣ, 90+5), Аманулло Сардорӣ, Саид Носир (Зайнуддин Шарифӣ, 75), Муҳаммад Руид Самандарӣ, Самиулло Муҳамадӣ, Амир Шарифӣ, Фардин Ҳакимӣ, Ризо Ёрӣ (Ҳамид Ҳабибӣ, 80), Саид Муҳаммад, Фарзад Атоӣ, Ҳусайн Ализода.

«Ҳосилот» (Тоҷикистон): Рустам Ризоев, Мӯсо Содиқ, Ойбек Абдуғаффоров, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Иброҳим Рабимов, Сайриддин Ғаффоров, Муҳаммадҷони Ҳасан (Хайрулло Азизов, 90+2), Акуффо Гершон (Абдурасул Раҳмонов, 58), Шодибек Ғаффоров (Наврӯз Рустамов, 66), Агблей Джонс.

Огоҳинида шуданд: Самиулло Муҳаммадӣ, Фарзад Атоӣ («Шоҳин Осмоӣ»), Иброҳим Рабимов, Агблей Джонс, Наврӯз Рустамов («Ҳосилот»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сафаралӣ Каримов («Ҳосилот»).

Сардовар: Дмитрий Машентсев (Қирғизистон).

Нозири бозӣ: Нимал Викраматунга (Шри-Ланка).

Комиссари бозӣ: Кемел Токабаев (Қирғизистон).

31 январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 10 000 тамошобин.

 

«Дордой» (Қирғизистон) – «Балкан» (Туркманистон) – 1:1

Голҳо: Нуртаган Мамедалиев, 69 (0:1). Алишер Азизов, 78 (1:1).

31 январ. Ош. Варзишгоҳи ба номи Ахматбек Суюнбоев. 8000 тамошобин.

 

Бозиҳои ҷавобӣ

7 феврал (сешанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«ҲОСИЛОТ» (ТОҶИКИСТОН) – «Шоҳин Осмоӣ» (Афғонистон)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

«Балкан» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

Добавить комментарий