Мубин Эргашев ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро барои иштирок дар бозиҳои санҷишӣ бо мунтахаби Баҳрайн номбар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро барои иштирок дар бозиҳои санҷишӣ бо мунтахаби Баҳрайн номбар кард

Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 солаи Тоҷикистон Мубин Эргашев рӯйхати ҳайати дастаро барои иштирок дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби ҷавонони Баҳрайн номбар кард. Бозиҳои санҷишии мазкур рӯзҳои 3 ва 6 сентябр дар Манама баргузор хоҳанд шуд.

Ба рӯйхати сармураббӣ 23 бозигар шомиланд, ки аз инҳо 3 кас дарвозабон, 8 кас муҳофизатгар, 9 кас ниммуҳофизатгар ва 3 кас ҳамлагар мебошанд. Алоқамандона ба омодагии “Истиқлол” ба бозии марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021 муқобили “Персеполис”-и Эрон бозигарони даста ба ҳайати мунтахаби ҷавонон даъват нашуданд. Ба ғайр аз ин, вобаста ба ҳолати маҳдудиятҳои пандемиявӣ дар Малайзия ҳамлагари “Пенанг” Шериддин Бобоев низ дар бозиҳои дӯстонаи мунтахаби ҷавонони кишвар ширкат намекунад.

Омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо мунтахаби ҷавонони Баҳрайн мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Душанбе оғоз бахшида, рӯзи чоршанбеи 1-уми сентябр ба Манама сафар мекунад.

Ёдрас мешавем, дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25 то 31 октябр дар Душанбе баргузор мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз Эрон, Лубнон ва Непал рақобат мекунад.

 

Ҳайати мунтахаби ҷавонони то 23солаи Тоҷикистон барои иштирок дар бозиҳои санҷишӣ бо мунтахаби ҷавонони Баҳрайн:

Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Кӯктош»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Муҳофизон: Наимҷон Ибрагимзода («Хуҷанд»), Муҳаммад Саломзода («Кӯктош»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Шоҳрух Сангов («Файзканд»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Исроил Холов («Регар-ТадАЗ»);

Ниммуҳофизон: Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Кароматулло Саидов, Абдулмумин Забиров, Далер Ёдгоров (ҳама аз «Хуҷанд»), Сорбон Авғонов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА), Хуршед Абдуллоев («Душанбе»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шӯҳрат Элмуродов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Назари худро бинависед