Лигаи бонувони Тоҷикистон-2020: чемпион дар даври охирон маълум мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи бонувони Тоҷикистон-2020: чемпион дар даври охирон маълум мешавад

Аз рӯи ҳисоб сеюмин чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона ба анҷом расида истодааст. Аммо, тақдири медалҳои тиллоӣ ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст.

Ғолиби чемпионат дар даври ниҳоӣ рӯзи чоршанбеи 9 сентябр муайян мешавад. Дар ин рӯз “Хатлон”-и Бохтар дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳр “Зебонисо”-и пойтахтро қабул мекунад. Пас аз ҳабдаҳ даври чемпионат, ки баргузор шуд, “Хатлон” 47 хол ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа пешсаф аст. “Зебонисо” 46 хол дорад. Дар даври охирин барои ду сол паиҳам унвони қаҳрамони футболи бонувони Тоҷикистонро соҳиб шудан, ба “Хатлон”-ро мусовӣ қаноатманд мекунад. Ба “Зебонисо”-и Душанбе бошад барои ба даст овардани медалҳои тилло дар ин вохӯрӣ танҳо ғалаба лозим аст.

 

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои бонувон. Даври 17-ум

«Барқ» – «Хатлон» – 0:10

«Равшан» – «Зебо» – 1:7

«Регар-ТадАЗ» – «Чашма» – 16:0

«Панҷшер» – «Ҳосилот» – 1:1

«Бешкент» – «Зебонисо» – 0:2

 

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 17 15 2 0 133-5 47
2 «Зебонисо» (Душанбе) 17 15 1 1 168-3 46
3 «Зебо» (Дӯстӣ) 17 13 3 1 124-11 42
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 17 11 1 5 93-19 34
5 «Бешкент» (Носири Хусрав) 17 8 2 7 61-27 26
6 «Равшан» (Кӯлоб) 17 4 0 13 9-83 12
7 «Ҳосилот» (Фархор) 17 3 3 11 9-111 12
8 «Барқ» (Норак) 17 3 2 12 7-106 11
9 «Чашма» (Шаҳритус) 17 3 0 14 10-151 9
10 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 17 1 4 12 17-121 7

 

Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 78 гол, Мадина Фозилова («Зебо»/«Зебонисо») – 58 гол, Рафина Нормуратова («Бешкент») – 44 гол, Шукронаи Ҷумъахон («Зебо»/«Зебонисо») – 32 голМеҳрангез Шарипова («Зебо») – 30 гол, Ҷонона Ҳалимова («Регар-ТадАЗ») – 24 гол, Некӯбахт Худододова («Зебонисо»), Зулайхо Сафарова, Наргиза Бобоева (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ») – 23 голӣ.

 

Дар даври 18-ум вомехӯранд:

9 сентябр (чоршанбе)

«Хатлон» – «Зебонисо»

«Ҳосилот» – «Бешкент»

«Чашма» – «Панҷшер»

«Зебо» – «Регар-ТадАЗ»

«Барқ» – «Равшан»

Назари худро бинависед