Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамрини ҷамъбастияшро дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Дубай гузаронд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон тамрини ҷамъбастияшро дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Дубай гузаронд

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев дар ҷамъомади таълимиву тамринии Дубай машқҳои ниҳоии худро баргузор кард. Пагоҳ, 5 феврал, дастаи мо бозии дуввуми дӯстонаро бо тими миллии Урдун мегузаронад.

То шурӯъи тамрини пеш аз бозӣ, ҳамаи аъзоёни ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз ташхиси нақшавии тестиро барои коронавирус гузаштанд, ки натиҷаи он фардо маълум хоҳанд шуд.

Қабл аз оғози машқҳои ниҳоӣ дар ҷамъомади таълимии Дубай, даста физиотерапевти тими миллӣ Эркин Додоҷоновро бо 55-умин солгарди зодрӯзаш самимона табрик гуфт ва баъдан ба тамрини пеш аз бозӣ оғоз намуд.

Дар раванди тамриноти мунтахаби Тоҷикистон 22 бозигар ширкат карданд. Ҳамлагар Тоҳир Малодӯстов як рӯз пеш дар клиникаи маҳаллӣ бистарӣ шуда, ҷарроҳии апендитсинро гузаронд. Ҷарроҳӣ бомуваффақият гузашта, худоро шукр футболбози мо ҳоло худро нағз ҳис мекунад.

Ёдрас мешавем, ки бозии дуввуми дӯстона миёни тимҳои миллии Урдун ва Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 5 феврал, дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад ва соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед