Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ҷиҳати баргузории ҷамъомади омӯзишиву машқӣ ба Туркия сафар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ҷиҳати баргузории ҷамъомади омӯзишиву машқӣ ба Туркия сафар кард

Дастаи мунтахаби наврасони то синни 16 солаи Тоҷикистон (U-16) дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 субҳи панҷшанбеи 20-уми январ барои гузаронидани ҷамъомади омӯзишиву машқии дуҳафтаина ба Туркия сафар намуд.

Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) Зайниддин Раҳимов ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста дар Туркия, ки аз 20-уми январ то 4-уми феврал идома хоҳад кард, 20 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.

Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталия чаҳор бозии санҷишӣ дар назар аст. Дар бораи ҳарифони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дертар маълумот дода мешавад.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) пас аз анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия ба Беларус сафар карда, дар 18-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд”, ки аз 5-ум то 14-уми феврал дар шаҳри Минск баргузор мешавад, ширкат менамояд.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия:

Дарвозабонҳо: Суннатулло Исмоилов, Абубоқир Маҳмудов (ҳарду аз Академияи футболи ФФТ);

Ҳимоятгарон: Диловари Ҷамшедзода, Муҳаммадҷон Орипов, Баракатулло Неъматуллозода, Абубакр Саидов, Муҳаммадҷони Тоҳирӣ, Бахтиёр Махсумов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);

Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Аҳмадҷони Абусатторӣ, Нарзулло Сангалиев, Абдуманнон Ҳоҷӣ Нуъмонзода, Беҳрӯз Хуҷаев, Меҳрубон Ҳамидов, Бахтовар Ғаюров, Муҳаммад Қурбонов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);

Ҳамлагарон: Билол Бобоев, Масрур Ғафуров, Диловар Азизов, Мусо Қаҳҳоров (ҳама аз Академияи футболи ФФТ).

Сармураббӣ – Зайниддин Раҳимов.

Назари худро бинависед